Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Шӯрои судяҳои Қирғизистон истеъфо дод


Канатбек Турганбеков, судяи Додгоҳи олӣ ва раиси Шӯрои судяҳои Қирғизистон бо хоҳиши худаш аризаи истеъфояшро навиштааст.

Шӯрои судяҳои Қирғизистон ин аризаро баррасӣ карда, истеъфои раисро пазируфт. Акнун аризаи ӯро президент ва порлумони ин кишвар баррасӣ хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, исми Турганбеков дар парвандаи ҷиноятии вакили пешини порлумон Ҳоҷимурод Коркмазов ва раиси дастгоҳи президент Дониёр Наримбоев зикр мешавад. Тафтишот муайян кардааст, ки Коркмазов дар ҳамдастӣ бо Наримбоев аз шаҳрванд Нозгул Тюлеева - барои мусбат ҳал кардани масъалаи мусодираи молу мулк ба нафъи Тюлеева, 200 ҳазор доллар пора гирифтааст.

Дар ҷаласаи додгоҳӣ Канатбек Турганбеков шаҳодат додааст, ки Наримбоев ба вай тамос гирифта, хоҳиш кардааст, то Нозгул Тюлееваро пазирад. Турганбеков Нозуглро ба ҳузур пазируфта, аммо хоҳишашро ба иҷро нарасонидааст.

XS
SM
MD
LG