Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 афсари пулиси Русия дар як ҳамла захмӣ шуданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар як ҳамлаи ҷангиён ба посгоҳи амниятӣ дар ҷумҳурии Чеченистон дар минтақаи Қафқози шимолии Русия 6 корманди пулис ҷароҳат бардоштаанд. Вазорати умури дохилаи Русия гуфт, вазъи пулисҳое, ки дар ҳамлаи рӯзи 9 май дар наздикии Грозний, пойтахти Чеченистон маҷрӯҳ шуданд, вазнин аст. Дар Чеченистон ва манотиқи дигар тадобири амниятиро дар пешорӯи таҷлили 9 май – Иди Ғалаба тақвият додаарнд. 9 май ҳамчунин солгарди 12-уми қатли Аҳмад Қодиров, раҳбари вақти Чеченистон дар як бомбгузорӣ дар расми таҷлили иди Ғалаба дар варзишгоҳ и Грозний аст. Масъулияти он ҳамларо, ки беш аз 10 кушта ба ҷо гузошт, ҷангиёни исломӣ ба дӯш гирифтанд. Ҳоло бар Чеченистон писари Аҳмад Қодиров - Рамазон Қодиров, ки аз сӯи Кремл таъин шудааст, раҳбарӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG