Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон дар марзи ҷанубии Ӯзбакистон


Марзи ҷанубии Ӯзбекистон дар чанд соли охир бори аввал аз сӯи Афғонистон мушакборон шуд.

Телевизиони Ariana TV Афғонистон хабар дод, ки ба назоратгоҳи марзӣ дар минтақаи Калдори вилояти Балхи ин кишвар шаби 2 май аз сӯи ҷангҷӯёни ҳаракати "Толобин" ҳамла шудааст. Генерали афғон Мир Наим Ҳайдарӣ мегӯяд, ба ин ҳамла посух додаанд ва нерӯи марзбонии Афғонистон зиёне надидааст.

Аммо ин хабарҳо аз эҳтимол дур аст, ки президенти Ӯзбекистон Ислом Каримовро ором гузоранд. Зеро шаҳраки Калдори Афғонистон ва шаҳри Термизи Ӯзбекистонро аз ҳамдигар танҳо Амударё ҷудо мекунад. Замоне пули мошингарду қаторгузари болои Амударёро, ки Термизу Ҳайратонро ба ҳам мепайвандад, "пули дӯстӣ" меномиданд, акнун онро ҳарчӣ бештар "дарвозаи дузах" мехонанд.

То ин замон ҷангҷӯён Ӯзбекистонро ҳадаф қарор намедоданд, зеро то кунун вилояти Балх нисбатан ором буд. Моҳи марти соли ҷорӣ нерӯҳои давлатӣ ҳудуди вилояти Балхро аз "Толибон" пок карданд. Аммо ҳодисаи 2 май шаҳодат медиҳад, ки ҷангҷӯён ба таври комил аз Калдор берун нашудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG