Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси шӯрои қабила барои оташзании духтаре


Саҳнаи боздошти аъзои қабила баъди додгоҳ дар Абботобод
Саҳнаи боздошти аъзои қабила баъди додгоҳ дар Абботобод

Полиси Покистон рӯзи 5 май 15 узви як шӯрои қабиларо ба ҳасб гирифт, ки барои додани амри зинда ба зинда оташ задани духтаре гунаҳгор мешаванд. Саид Вазир, раиси полиси шаҳраки Донга Галӣ, ки дар 50-километрии шимолу шарқи Исломобод ҷойгир аст, гуфт, ки духтари 16-сола бо амри раҳбари қабилаи маҳаллӣ оташ зада шуд ва гуноҳи ӯ гӯё ин будааст, ки дар фирори як ҷуфти ошиқон кӯмак кардааст. Вазир гуфт, ки фирори ошиқон ба обурӯи ин деҳа латма зад ва ба унвони қатли номусӣ амр шуд, ки духтарак ба таври ваҳшиёна кушта шавад. Дар миёни боздоштшудаҳо модар ва бародари духтар ҳам мебошанд, ки, ба гуфтаи полис, саҳнаи оташ задани духтарро оромона қабул ва тамошо кардаанд. Шӯрои қабила дар Покистон ба унвони як ниҳоди ҳалкунандаи моҷарову мушкилот хизмат мекунад, ҳарчанд вуҷуд ва тасмими онро ҳеҷ як қонуни Покистон эътироф намекунад.

XS
SM
MD
LG