Сергей Шойгу-вазири дифои Русия гуфт, ки то поёни соли 2016 Маскав дар ғарб ва ҷануби кишвар се лашкари нави низомӣ ташкил хоҳад кард. Вай гуфт, ин иқдом ҷавобе ба сафороии нируҳои паймони НАТО дар наздикии марзҳои Русия мебошад.
Бори аввал низомиёни Русия дар бораи ташкили ин гурӯҳҳои низомӣ дар моҳи январ хабар дода буданд ва он вақт гуфта буданд, ки он як иқдоми ҷавобӣ ба “афзоиши машқҳои низомии нируҳои НАТО” мебошад.
Ин изҳороти Шойгу баъд аз як рӯзи суханони Эш Картер-вазири дифои Амрико садо дод, ки аз Русия хост, то Русия ба даврони ҷанги сард “ақибнишинӣ” накунад ва фаъолиятҳои таҷовузкоронаи Русия НАТО-ро водор сохтааст, ки нируҳояшро ба ҳолати омодабош дарорад.
Картер ин суханонро дар маросими муаррифии генерали артишКуртис Скапарроттӣ ба мақоми фармондеҳи нави НАТО дар Аврупо баён дошт.
Картер таҷовузи Русия ба Украина, пайвастани ғайриқонунии Қрим ба Русия ва мудохилаи Маскав ба ҳамсоягони каронаи балтикашро намуна овард.