Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тазоҳурот дар Минтақаи Сабзи Бағдод


Нахуствазири Ироқ, мегӯяд, авзоъ дар Минтақаи Сабзи Бағдод, ки тазоҳургарон онро ишғол карданд, “таҳти назорати нерӯҳои амниятӣ” аст. Ҳайдар Ибодӣ рӯзи 30-уми апрел бо нашри баёнияи расмӣ аз мардуми эътирозгар хост, оромона тазоҳурот кунанд ва ба “моликияти ниҳодҳои давлатӣ” осеб нарасонанд. Бисёре аз тазоҳургарон, ки ба бинои порлумон ворид шуданд, рӯзи 1-уми май онҷоро тарк карданд, вале баъзе аз онҳо дар назди бино монданд ва зоҳиран онҷо барои худ нишеман дуруст мекунанд. Рӯзи 30-уми апрел садҳо нафар аз тарафдорони Муқтадо Садр, рӯҳонии бонуфузи шиамазҳаб ба Минтақаи Сабзи Бағдод юриш бурданд ва баъзеашон бинои порлумон ва қароргоҳҳои ҳукуматӣ дар наздикии онро ишғол карданд. Маъмурони амниятӣ барои пароканда кардани тазоҳургарони хашмгин аз ин маҳалли амни муассисаҳои давлатӣ ва сафоратхонаҳо, аз гази ашковар истифода бурда ва ба ҳаво тир андохтанд. Тазоҳурот баъди он шурӯъ шуд, ки вакилони порлумони Ироқ аз раъйдиҳӣ дар бораи ислоҳот дар таркиби ҳукумат ва таъйини вазирони нав даст кашиданд. Мақомоти интизомӣ баъди ин ҳодиса дар Бағдод вазъи фавқуллода эълон карданд.

XS
SM
MD
LG