Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоби раиси нави порламони Қирғизистон


Чинибой Турсунбеков
Чинибой Турсунбеков

Намояндагони порламони Қирғизистон Чинибой Турсунбековро раиси порламон интихоб карданд. Вай аз Ҳизби Сотсиал Демократ аст ва дар даври дуввуми райдиҳии пинҳонӣ раиси нави полрламон баргузида шуд.

Барои Турсунбеков 88 намоянда рай додаанд, дар ҳоле ки рақиби вай Исҳоқ Масалиев аз ҳизби Онугуу ё Пешрафт соҳиби 26 рай шудааст. Райдиҳӣ 27 апрел сурат гирифт.

20 апрел намояндагони порламон натавонистанд, раиси худро интихоб кунанд. Ду номзад, яке Қанат Исоев аз Ҳизби Қирғизистон ва дигарӣ Бакит Торобоев аз ҳизби Онугуу баробар 51 рай ба даст оварданд.

Порламони Қирғизистон дорои 120 курсӣ аст ва барои интихоб дастикам бояд номзади пешбаришуда 61 рай бигирад.

Раиси пешини порламон Асилбек Ҷиенбеков дар аввалҳои моҳи апрел аз мақомоаш истеъфо дод, зеро бародари вай ба мақоми нахуствазирӣ муаррифӣ шуд.

XS
SM
MD
LG