Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роскосмос саноати кайҳоннавардиро гунаҳгор кард


Игор Комаров
Игор Комаров

Игор Комаров-раиси “Роскосмос“- ожонси кайҳоннавардии Русия кормандон ва раҳбарони саноати кайҳоннавардии ин кишварро барои таъхир дар партоби мушаки борбари кайҳонӣ аз майдони кайҳоннавардии Восточний гунаҳгор кард.

27 апрел Комаров ба хабарнигорон гуфт, “масъулияти ҳар чӣ, ки дар бахши кайҳоннавардӣ рух додааст, бар дӯши ононест, ки бо ин кор машғуланд ва ин корро назорат мекунанд”.

Мушаки Союз се моҳвораро ба кайҳон мебарад ва бояд субҳи 27 апрел аз майдони Восточний партоб мешуд. Вале то се дақиқа ба партоб ин парвоз боздошта ва барои 28 апрел вогузор гардид.

Комаров дар оғоз иштибоҳи инсониро дар ин таъхир рад карда буд ва онро мушкили фанннӣ номид, ки ба таври автоматӣ пеш омадааст.

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ба минтақаи Амур сафар кардааст. Вай як рӯзи дигар сафарашро идома медиҳад, то 28 апрел бар ҷараёни партоби мушак назорат кунад.

XS
SM
MD
LG