Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаои Толибон дар бораи омодагӣ ба музокирот


Толибони Афғонистон иддао мекунанд, ки онҳо ҳайати худро барои ширкат дар музокироти сулҳ ба Покистон фиристодаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳукмати Афғонистон баъд аз ҳамлаи ҳафтаи гузаштаи Толибон дар Кобул, ки 64 нафар дар он ба ҳалокат расиданд, изҳор дошт, ки Покистон ба ҷои ҷалби Толибон ба музокироти сулҳ беҳтар аст бо онҳо мубориза кунад.

Давохон Мина Пал-сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон 26 апрел ба хабаргузории Ройтерз гуфт, “Мо медонем, ки ҳайати Толибон дар Покистон аст, вале мо ба музокира намеравем, то замоне ки Покистон ваъдаҳои худро иҷро накунад” ва бар зидди раҳбарони Толибон даст ба амалиёт назанад. Ба гуфтаи вай, раҳбарони Толибон дар Покистон мебошанд ва дар гузаштаҳо музокироти сулҳро рад карда буданд.

Сарчашмаҳои Толибон ба хабаргузории Ройтерз гуфтаанд, ки ҳайати онҳо 25 апрел ба Карочии Покистон ворид шудааст, то бо мақомоти Покистон мулоқот кунанд. Дастикам ду нафар аз аъзои ин ҳайат аз дафтари сиёсии Толибон дар Қатар ба Карочӣ омадаанд.

Як манбаи Толибон дар Покистон ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки ҳайати сенафарии Толибон дар Карочӣ аст ва ба зудӣ бо мақомоти расмии Покистону Афғонистон тамос хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG