Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳрабардорӣ аз дастгоҳи нав дар нерӯгоҳи Норак


Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баҳрабардорӣ аз дастгоҳи нави тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии-500кВ дар неругоҳи барқи обии Норак ширкат кард.

Сохтмони бинои дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ-и НОБ-и «Норак» соли 2012 оғоз ёфта буд. Масоҳати ҷойгиршавии дастгоҳ, ки дар солҳои аввали баистифодадиҳии ин иншоот 4,5 гектарро ташкил медод, айни замон ҳамагӣ дар 0,10 сотих замин ҷойгир карда шудааст. Ба ғайр аз коҳиши масоҳати замин, ин таҷҳизот эътимодияти баланд ва кафолати тӯлонии 25 - сола дорад.

Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ аз тарафи Бунёди Рушди Осиё ба маблағи 54 миллиону 770 ҳазор доллари амрикоӣ аз тарафи ширкати Олмонии «Алстом» сохта шудааст.

Таҷҳизоти асосии Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500кВ (ДТПЭ), кабелҳои баландшиддат, таҷҳизоти муҳофизатию назоратӣ ва таҷҳизоти системаи телекоммуникатсионӣ дар давлатҳои Фаронса, Италия, Испания ва Олмон истеҳсол гардида, ба ҷумҳурӣ ворид ва дар НБО-и Норак насбу васл гардидаанд.

Зимнан, дар соли 2013 дар неругоҳи Норак дастгоҳи таксимкунандаи пӯшидаи элигазии-220 кВ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

XS
SM
MD
LG