Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Абу Зубайр” ба 6 соли зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Асрорбек Давлатовро, ки дар саҳифаи интернетиаш ҳамчун “Абу Зубайр” муаррифӣ шудааст, барои кӯшиши шомил шудан ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” 6 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Дафтари матуботи додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 25 апрел ба Озодӣ гуфт, ки Асрорбек Давлатов бар асоси қисми 3-и моддаи 32 ва 401-и Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор дониста шудааст.

Ба иттилои манбаъ, Асрорбек Давлатов рӯзи 1 январи соли ҷорӣ тавассути хатсайри Маскав – Бишкек – Истамбул ба Туркия парвоз карда ва 9 феврал, ҳангоми бо мошин ба самти шаҳри Адана рафтан аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия дастгир карда шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки беш аз ҳазор шаҳрванди кишвар барои иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия рафта, то кунун хабари марги теъдоде аз онҳо расидааст. Мақомот мегӯянд, афроде, ки бо хоҳиши худ ба кишвар баргашта ва собиқаи ҷиноӣ надошта бошад, мавриди афв қарор хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG