Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел аз қароргоҳи муҳоҷирон дидан кард


Агар Брюссел режими раводид барои шаҳрвандони Туркияро лағв накунад, созиш миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Туркия оид ба муҳоҷирон дар ҳаҷми пурра иҷро нахоҳад шуд. Изҳороти нахуствазири Туркия Аҳмад Довудоғлу дар ин бора шоми 23 апрел дар мулоқот бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар шаҳри Ғозиёнтеппа, воқеъ дар марзи Туркияву Сурия, садо дод.

Ба гуфтаи Довудоғлу, Анкара ҳама шартҳои заруриро иҷро кардааст ва акнун навбати Брюссел аст, ки режими раводид бо Туркияро аз байн барад. Ӯ иттиҳоми созмони Amnesty International ё Афви Байнулмилалро дар бораи он ки Туркия паноҳандагони суриягиро ба ватанашон бармегардонад, қатъӣ рад кард.

Нахуствазири Туркия афзуд, ки созиш оид ба муҳоҷирон аллакай самар медиҳад – агар охирҳои соли гузашта ҳамарӯза аз Туркия тавассути баҳр тақрибан шаш ҳазор нафар вориди Аврупо мешуданд, моҳҳои ахир ин рақам аз 150 нафар бештар нест.

Раиси Иттиҳодияи Аврупо Доналд Туск, ки ҳамроҳ бо хонум Меркел вориди Туркия шудааст, низ кам шудани мавҷи паноҳандагонро тасдиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, Туркия беҳтарин намунаи бархӯрд бо муҳоҷиронро намоиш медиҳад.

Ангела Меркел. Доналд Туск ва муовини раиси Комиссиюни Аврупо Франс Тиммерманс аз қароргоҳи паноҳандагон дар наздикиҳои Ғозиёнтеппа дидан карданд ва дар ифтитоҳи маркази кӯдакони муҳоҷирон ширкат намуданд.

XS
SM
MD
LG