Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ: ИМА монеъи тиҷорат бо Эрон нест


ИМА садди роҳи ҳамкории ширкату бонкҳо бо Эрон нахоҳад шуд. Ин изҳороти Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи 22 апрел қабл аз мулоқот бо ҳамтои эронияш Муҳаммад Ҷавод Зариф дар Ню-Йорк пахш шуд.

Ба гуфтаи Керрӣ, Иёлоти Муттаҳида дар роҳи тиҷорат бо Эрон, ки баъд аз иҷрои созиши ҳастаӣ дар моҳи январ боз шудааст, монеъа эҷод намекунад ва нахоҳад кард. Барои бонкҳо имкони ҳамкорӣ бо Эрон пайдо шудааст, аммо, мутаассифона, ба назар мерасад, ки баъзе бонкҳои хориҷӣ то ҳол дудилаанд ва мо талош мекунем то вазъро барои онҳо рӯшан намоем, афзуд Ҷон Керрӣ.

Ҳамзамон ӯ аз Теҳрон даъват кард, ки низоми бонкдорияшро нав кунад.

Муҳаммад Ҷавод Зариф, дар навбати худ, гуфт, ки Теҳрон ба татбиқи пурраи ҳама нуктаҳои созиш оид ба барномаи ҳастаии Эрон умед бастааст. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, изҳороти Ҷон Керрӣ роҳеро боз мекунад, ки қаблан барои бонкҳои хориҷӣ бар асари ҳарос аз бархӯрди Амрико баста буд.

Муҳаммад Ҷавод Зариф иқрор кард, ки миёни Вошингтону Теҳрон дар бисёр бахшҳо ихтилофи назари амиқ мавҷуд аст. Мавҷудияти ихтилофи назар миёни ду кишварро Ҷон Керрӣ ҳам тайид кард. Ҳамзамон ӯ афзуд, ки ИМА барои рафъи ин ихтилофи назарҳо талош мекунад ва кӯшишҳояш барои сулҳу оромӣ дар минтақаро идома медиҳад.

Аз ин пеш раиси Бонки Марказии Эрон Валиуллоҳ Сайф дар долонҳои ҷаласаи муштараки баҳории Сандуқи байнулмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ изҳор намуд, ки ҳама нуктаҳои созиши ҳастаӣ аз сӯи Ғарб иҷро намешаванд ва Теҳрон то ҳанӯз ба баъзе ҳисобҳои мунҷамидшудааш дар бонкҳои хориҷӣ дастрасӣ пайдо накардааст.

XS
SM
MD
LG