Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарти мухолифони Македония барои гуфтӯгу


Мухолифони давлат дар Македония мегӯянд, то замоне, ки ҳукумат интихоботи порлумониро ба таъхир наяндозад ва авфи баҳсбарангези сиёсатмадорони муттаҳам ба фасодкориро лағв накунад, ба музокироти рафъи бӯҳрони сиёсӣ намепайванданд. Зоран Заев, раиси Ҳизби сотсиал-демократ, ҳизби нерӯманди мухолифи давлат рӯзи 20-уми апрел гуфт, бояд раиси ҷумҳур Георг Иванов “қарори авфи шармовари” сиёсатмадоронеро беэътибор кунад, ки дар моҷарои сабти пинҳонии гуфтӯгуи мақомот даст доранд. Қарори авфи ин афрод рӯзи 12-уми апрел эълон шуд, вале ба гуфтаи мухолифон ин қарор мухолифи Қонуни асосӣ аст. Ба гуфтаи Зоран Заев, “порлумон ҳам бояд рӯзи интихоботро, ки 5-уми июн эълон шудааст, бекор кунад ва то замоне ба таъхир андозад, ки шароит барои як интихоботи одилонаву демократӣ ва мӯътабар фароҳам шавад.” Дар акси ҳол ба гуфтаи Зоран Заев, Ҳизби сотсиал-демократ дар музокироти рӯзи 22-уми апрел дар шаҳри Вена ширкат намекунад. Иттиҳодияи Аврупо ба тарафҳои мухолиф дар Македония пешниҳод кардааст, ки ҷиҳати хотима додан ба бӯҳрони сиёсӣ музокирот кунанд. Ҳизби муҳофизакори ҳоким дар Македония пешниҳоди Иттиҳодияи Аврупоро пазируфтааст.

XS
SM
MD
LG