Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндониёнро "ҷудо" мекунанд


Дар Қирғизистон акнун барои ҷиноятҳои ифротгароӣ ва террористӣ маҳкумшударо ҷудо аз зиндониёни дигар нигаҳбонӣ мекунанд.

Ба иттилои хадамоти матбуотии раиси ҷумҳури Қирғизистон, чунин ислоҳҳо ба Кодекси иҷрои ҷазоро президент Алмосбек Отамбоев имзо кард.

Тарҳи ин ислоҳҳоро порлумони кишвар 16-уми марти соли 2016 қабул карда буд. Ин қонун баъд аз 10 рӯзи чоп дар нашрияи расмӣ ба ҳукми иҷро медарояд.

"Ҳадафи ин ислоҳот таъмини шароити нигаҳдории ҷудогонаи маҳбусон ва камтар кардани имконияти таблиғоти ифротгароӣ дар маҳбасхонаҳо мебошад", - хабар доданд дар маркази матбуотӣ.

Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло қариб 500 шаҳрванди Қирғизистон, аз ҷумла, 122 зан дар сафи террористон дар Ироқ ва Сурия меҷанганд. Қариб 40 нафари онҳо дар ҷангҳо кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG