Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони қирғиз акнун дертар арӯсӣ мекунанд


Синни миёнаи издивоҷи занон дар Қирғизистон 24 ва мардони он кишвар 28 сол аст. Дар ин бора Кумитаи миллии омори Қирғизистон хабар медиҳад. Ин ниҳод мегӯяд, тамоюли боло рафтани синни издивоҷ аз соли 2007 инҷониб мушоҳида мешавад.

Хабар дода мешавад, ки аксари никоҳҳо дар синни аз 22 то 29 солагӣ баста мешаванд. Дар солҳои охир бештарини издивоҷҳо дар вилоятҳои Ӯш, Ботканд ва Талас рӯй додаанд.

Ба андешаи ҷомеашиносон, сабаби боло рафтани синни издивоҷ он аст, ки ҷавонон мехоҳанд, нахуст маълумоти олӣ бигиранд ва соҳиби мақому мартаба шаванд.

Дар соли 2000 дар Қирғизистон синни миёнаи издивоҷи занон 23 ва мардон 27 солро ташкил медод.

XS
SM
MD
LG