Пайвандҳои дастрасӣ

Соҳибони ширкатҳои оффшорӣ ифшо хоҳанд шуд


Рӯзи ҷумъа дар Вашингтон вазирони молияи кишварҳои “Гурӯҳи 20” ё “Ҷӣ-20” аз тадбирҳо барои танзими низоми оффшорӣ ҷонибдорӣ карданд. Ҳадафи ин тадбирҳо пешгирӣ аз шустушӯи пул ва пинҳон доштани маблағҳо аз пардохти молиёт ё андоз мебошад.

Дар баёнияи расмӣ, ки баъд аз мулоқот ба нашр расид, аз пешниҳоде ҷонибдорӣ шудааст, ки тибқи он дар оянда номи соҳибони воқеии ин ширкатҳои оффшорӣ ифшо хоҳад шуд.

Вазирон ҳамчунин пешниҳод карданд, то феҳристи кишварҳое таҳия шавад, ки кишварҳои паноҳгоҳи байналмиллалӣ дониста мешаванд ва ҳукуматҳои онҳо аз доду гирифти маълумот дар бораи ширкатҳои оффшорӣ саркашӣ мекунанд.

Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки ифшои номи ширкатҳои оффшорӣ барои дифоъ аз низоми молии байналмиллалӣ хеле зарур аст. Иҷрои чунин табдирҳо дар мубориза бо ришвахориву шустушӯи пул ва пешгирӣ аз сармоягузории фаъолиятҳои гурӯҳҳои террористӣ кӯмак мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG