Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 9 нафар дар заминларзаи Ҷопон


Теъдоди талафоти ҷонӣ бар асари зилзила, ки шаби гузашта дар Ҷопон рух дод, ба 9 нафар расидааст. Ҳамчунин, ҳудуди 780 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Бар асари ин ҳодисаи табиӣ садҳо манзили маскунӣ хароб шуда, даҳҳо ҳазор нафар хонаҳои худро тарк кардаанд.

Феълан дар канори гурӯҳҳои вазъияти фавқулодда 350 сарбози Ҷопон дар амалиёти наҷот дар маҳали ҳодиса ширкат доранд.

Ин зилзила бо тавоноии 6,4 дараҷаи Рихтер бештар ба шаҳраки Масикии Ҷопон осеб расондааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG