Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Эрон кӯмакҳои ҳармоҳа лағв мешаванд


Маҷлиси Эрон рӯзи 14 апрел тарҳи лағви кӯмаки молиявии ҳармоҳа ба 24 миллион шаҳрванди кишварро пазируфт. Ба иттилои хабаргузории ISNA, гап сари тақрибан маблағи баробари 12 доллар меравад, ки ҳар моҳ кормандони давлатӣ, афсарону сарбозони артиш, шибҳанизомиён ва дигар гурӯҳҳо аз хазинаи давлат дарёфт мекарданд.

Аз ин тарҳ аксари вакилони муҳофизакорон пуштибонӣ карданд, ки боиси нороҳатиираисиҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ шуд. Акнун раисиҷумҳур бояд сабабҳои кор гирифтан аз ин иқдомро, ки мардумро норозӣ хоҳад кард, бояд ташреҳ кунад.

Қимати поини нафт боиси кам шудани даромади бӯҷаи Эрон гардид. Хазинаи байнулмилалии асъор ва дигар гурӯҳҳо ҳушдор доданд, ки агар Эрон системи ироа кӯмаки молиявии ҳармоҳа ба тақрибан 80 миллион шаҳрвандашро коҳиш надиҳад ё аз байн набарад, ба мушкили ҷиддии иқтисодӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG