Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши Шӯрои дабирони амнияти СҲШ дар Тошканд


Имрӯз, 13 апрел дар шаҳри Тошканд мулоқоти дурӯзаи дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанҳай (СҲШ) шурӯъ мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон, дар назар аст дар ин ҳамоиш масоили мубориза алайҳи терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва таҳдидҳои дигар ба амнияти кишварҳои узви ин созмон баррасӣ шавад.

Зимнан, рӯзи 8 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд ҷаласаи минтақавии ниҳодҳои зиддитеррористии СҲШ баргузор шуда ва дар он раванди иҷрои барномаи ҳамкорҳои кишварҳои узви ин созмон дар мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ барои солҳои 2013-2015 матраҳ гардид. Дар ин ҳамоиш дар мавриди баргузории конференсия дар мавриди мубориза бо терроризми байналмилалӣ тавофуқ шуд.

Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон узви Созмони Ҳамкориҳои Шанҳай буда ва Белорус, Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон, Покистон ва Афғонистон кишваҳои нозир дар ин созсон ҳисоб меёбанд. Дар ҷаласаи сарони кишваҳои узви СҲШ дар моҳи июли соли гузашта дар мавриди пазируфтани Покистон ва Ҳиндустон ба ин созмон тавофуқ ҳосил шуд.

XS
SM
MD
LG