Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Диёрбоқир 47 касро захмӣ кард


Артиши Туркия рӯзи 12 апрел изҳор намуд, ки бино ба иттилои ахир, бар асари таркиши мошин дар канори постгоҳи полиси низомӣ дар шаҳри Хании вилояти Диёрбоқир 47 нафар, аз ҷумла, 8 сокини осоишта маҷрӯҳ шудаанд. Қаблан хабар дода мешуд, ки дар ҳамлаи шоми 11 апрел 25 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар ин ҳамла, ки артиши Туркия масъулияти онро бар дӯши мусаллаҳони Ҳизби коргарони Курдистон гузошт, як сарбоз ҳам ҷон бохтааст.

Хушунат дар манотиқи ҷанубу ғарби Туркия аз моҳи июли соли гузашта, баъд аз лағви мусолиҳаву оташбас миёни ҳукумати Анкара ва Ҳизби коргарони Курдистон, боло рафт. Дар задухӯрдҳову ҳамлаҳои интиҳорӣ садҳо нафар, аз ҷумла, 350 тан аз кормандони нерӯҳои амниятии Туркия, ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG