Марзбонони Қирғизистон чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки барои убури ғайриқонунӣ аз марзи давлатӣ боздошт карда буданд, озод кардаанд.
Бино ба иттилои Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, ин афрод ба ҳангоми чарои 20 гов дар минтақаи Майсуи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон дастгир шуда буданд.
Ҷониби Қирғизистон пас аз анҷоми расмиёти аснод ин чор нафарро бо чорвояшон ба марзбонони Тоҷикистон таҳвил додаанд.