Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ ғайрииинтизор ба Афғонистон рафт


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи 9 апрел бо як сафари ғайриинтизор вориди Афғонистон шуд. Гуфта мешавад, сафари ӯ бо афзоиши муборизаи сиёсӣ дар ҳукумати ваҳдати миллӣ, ки ба он раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва раиси иҷроия доктор Абдулло Абдулло раҳбарӣ мекунанд, бастагӣ дорад.

Ҷон Кирбӣ , намояндаи вазорати умури хориҷии Амрико, гуфт, Ҷон Керрӣ дар мулоқот бо Ашраф Ғанӣ ва доктор Абдулло пуштибонии Амрикоро аз ҳукумати Афғонистон ва нерӯҳои амниятии кишвар, ки ба муқовимати шадиди Толибон рӯ ба рӯ шудаанд, иброз медорад.

Қарор аст, ки то ибтидои соли 2017 теъдоди низомиёни амрикоии мустақар дар Афғонистон аз 9800 нафари феълӣ то 5500 афсару сарбоз коҳиш ёбад.

Мӯҳлати созиш дар бораи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон моҳи октябри соли равон, баъд аз интихоботи парлумонӣ дар кишвар поён меёбад. Аммо нозирон мегӯянд, ки раъйдиҳӣ дар интихобот шояд то баҳори соли оянда мавқуф гузошта шавад, зеро ҳукумат ба иҷрои ваъдаҳояш дар бораи ислоҳот муваффақ нашудааст.

Қарор аст, ки баъд аз интихоботи парлумонӣ доктор Абдулло расман курсии нахуствазири Афғонистонро ишғол кунад.

XS
SM
MD
LG