Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Индонезия визаро барои қирғизҳо бекор кард


Мотосиклсаворӣ дар Индонезӣ
Мотосиклсаворӣ дар Индонезӣ

Ҳукумати Индонезия қонунеро қабул кард, ки тибқи он ба шаҳрвандони Қирғизистон иҷоза дода мешавад дар қаламрави ин кишвар бе виза 30 рӯз қарор дошта бошанд. Дар ин бораи аз сафоратхонаи Қирғизистон дар Малайзия хабар доданд.

Қоидаи бидуни виза ба намояндаҳои расонаҳое, ки бо ҳадафи фаъолияти касбӣ вориди ин кишвар мешаванд, рабт надорад.

Ҳамчунин тибқи ин қонун, низоми бидуни раводидро наметавон тамдид карда, ба ягон намуди дигари виза табдил дод.

Таъкид мешавад, ки вуруди бе визаи шаҳрвандони Қирғизистон ба Индонезия танҳо тавассути фурудгоҳи байналмилалии Soekarno-Hatta-и ин кишвар имконпазир мешавад.

XS
SM
MD
LG