Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Савченко гуруснашиниро шурӯъ кард


Надежда Савченко, низомии украинии дар Русия маҳкум ба зиндон шуда, гуруснашиниро шурӯъ кард. Дар ин бора рӯзи 6 апрел вакили дифои ӯ Марк Фейгин дар Твиттер хабар дод. Надежда Саченко талаб дорад, ки ӯро ба Украина баргардонанд.

Надежда Савченко рӯзи 21 март бо ҳукми додгоҳи шаҳри Донетски вилояти Ростови Русия ба 22 соли зиндон ва ҷаримаи 30 ҳазор рубл маҳкум шуд. Ӯ ба ҳамдастӣ дар қатли ду хабарнигори шабакаи телевизионии русӣ (ВГТРК) - Антон Волошин ва Игор Корнелюк, сӯиқасд ба ҳаёти наворбардор Виктор Денисов ва убури ғайриқонунӣ аз марзи Русия айбдор шудааст. Ҳукми додгоҳ аз 5 апрел қонунӣ шуд.

Надежда Савченко ҳукми додгоҳро қабул надорад ва аз болои он шикоят карданӣ нест.

Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко баъди эълони ҳукм изҳор карда буд, ки Киев барои бо ду шаҳрванди Русия Александр Александров ва Евгений Ерофеев иваз кардани Савченко омода аст. Ин ду низомии рус соли гузашта дар минтақаи амалиёти вижа дар Донбасс боздошт шуда буданд.

Дар Кремл табдили Савченкоро “имконпазир” номиданд ва аммо гуфтанд, ки дар ин бора фақат раисиҷумҳур Владимир Путин метавонад тасмим бигирад.

XS
SM
MD
LG