Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар вилояти Қарағанда обанбор рахна шуд


Дар ноҳияи Шети вилояти Қарағандаи Қазоқистон садди обанборе канда шуд. Ба иттилои бахши вилоятии ҳолатҳои фавқулода (БҲФ), садди обанбори "Нижний Нарбак" тахминан соати сеи шаби 4 апрел рахна шудааст.

Дар бораи кушташудагон ва осебдидагон хабар дода нашудааст. Идораи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, хатари зери об мондани маҳалҳои аҳолинишин вуҷуд надорад. Ҳаракати нақлиёт муваққатан карда шудааст.

Дар пайи рахна шудани садди ин обанбор дар панҷ-шаш метри роҳи мошингарди Қизилорда-Павлодар (километри 796) обгузар ба вуҷуд омадааст. Ба иттилои БҲФ, дар дарёи Шерубануйр, дар ноҳияи Шет пастшавии сатҳи об мушоҳида мешавад.

XS
SM
MD
LG