Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнон 202 муҳоҷирро ба Туркия баргардонд


Юнон бештар аз 200 муҳоҷирро ба Туркия фиристод. Ин аввалин мавҷи баргардонидани муҳоҷирон тибқи барномаҳои Иттиҳодияи Аврупост, ки мехоҳад аз муҳоҷирати дастаҷамъӣ ба Аврупо пешгирӣ кунад.

4 апрел 202 нафар, ки аз 11 кишвар мебошанд ва аз онҳо 191 нафар мард ва 11 зан ҳастанд, аз ҷазираҳои Чиос ва Лесбоси Юнон ба Туркия баргардонида шудаанд.

130 нафари онҳо шаҳрвандони Покистон, 42 нафар аз Афғонистон, 10 нафар аз Эрон, 5 нафар аз Конго, 4 нафар аз Шриланка, 3 нафар аз Бангладеш, 3 нафар аз Ҳиндустон ва як нафарӣ аз Ироқу Сомалӣ ва Соҳили Оҷ мебошанд. Мақомоти Юнон ҳамчунин аз ду шаҳрванди Сурия хостаанд, ки ба кишвари худ баргарданд.

4 апрел 43 паноҳҷӯи суриягӣ аз Туркия тибқи қарордод ба Олмону Финландия фиристода шуданд.

XS
SM
MD
LG