Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони айби ҷосусӣ ба ду хабарнигори турк


Кен Дундор
Кен Дундор

Додгоҳи Туркия дар мурофиаи пушти дарҳои баста рӯзи 1 апрел ду хабарнигори туркро дар ҷосусӣ ва кӯмак ба созмони террористӣ айбдор кард. Дар сурати собит шудани иттиҳом ба сардабири нашрияи “Ҷумҳурият” Кен Дундор ва хабарнигори нашрия дар Анкара Эрдем Гул ҳабси абад таҳдид мекунад.

Хабарнигорон дар бораи интиқоли ғайриқонунии силоҳ аз Туркия ба ошӯбгарони Сурия матлабе нашр карданд ва ҳукумат онҳоро дар фошсозии сирри давлатӣ айбдор намуд. Онҳо дар он ҳам муттаҳам мешаванд, ки ба як ҳаракати мӯътадили исломӣ таҳти раёсати рӯҳонии амрикоӣ Фатҳулло Гулен, рақиби раисиҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдуғон, кӯмак мекунанд.

Ҷонибдорони хабарнигорон дар канори бинои додгоҳи Истамбул бо шиори “Матбуоти озодро набояд барои сокитӣ маҷбур кард” ҷамъ омаданд.

XS
SM
MD
LG