Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати ИА аз Назарбоев ба риояи ҳуқуқи инсон


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар Брюссел бо роҳбари Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск мулоқот кард.

Онҳо масоили ҳамкории Қазоқистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар бахши сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ карданд, хабар медиҳанд расонаҳои расмӣ. Назарбоев ҳамчунин бо роҳбари Комиссияи Аврупоӣ Жан-Клод Юнкер мулоқот кардааст.

- Ман масъалаи риояи ҳуқуқи инсон дар Қазоқистонро ба баррасӣ гузоштам. Ман масъалаи муносибати бераҳмона бо ҳуқуқи инсонро дар ин кишвар бардоштам. Ман то андозаи нозирони дигари хориҷӣ аз ин масъала огоҳ нестам, аммо ман Назарбоевро бештар аз 30 сол аст, ки мешиносам. Ман медонам, эҳсос мекунам, ки вай нисбати ин масоил ҳассос аст, ба вижа вақте суол ба муносибати ҳукумати Қазоқистон бо созмонҳои ғайридавлатӣ рабт мегирад, - гуфт Жан-Клод Юнкер.

XS
SM
MD
LG