Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 сол ҳукми зиндони Баҳром Азизов дар Русия


Додгоҳе дар шаҳри Краснодари Русия Баҳром Азизов, шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир 15 сол равонаи зиндони низомаш сангин кардааст. Бино ба иттилои манобеи додситонии шаҳри Краснодар, Баҳром Азизов моҳи апрели соли гузашта ба ҳангоми фурӯши маводи мухаддир аз сӯи пулис боздошт шуда буд. Пулис дар манзили ӯ беш аз 1 кило ҳероинро кашф ва мусодира кардааст.

XS
SM
MD
LG