Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот қавл доданд, ки қотилонро боздошт мекунанд


Мақомоти Покистон эълон кардаанд, ки дастандаркорони бамгузории рӯзи якшанбе дар шаҳри Лоҳурро пайдо хоҳанд кард. Дар ин бамгузорӣ бештар аз 70 нафар кушта, тақрибан 300 нафари дигар ҷароҳат бардошгтаанд.

Азим Баҷво-сухангӯи низомиёни ин кишвар дар сафҳаи Твиттери худ навиштааст: “Мо бояд қотилони бародарону хоҳарон ва кӯдакони бегуноҳи худро ба сазои аъмолашон бирасонем ва ба ин ҳайвоноти ваҳшӣ имкон надиҳем, ки ба зиндагиву озодиҳои мо таъсир гузоранд”.

Як шохаи Толибон масъулияти таркиш дар майдони бозиҳои саргармкунандаи кӯдакон дар Чаҳорбоғи шаҳрро бар уҳда гирифтааст. Дар ин майдон 27 март бисёриҳо ҷамъ омада буданд, то Иди Поки масеҳиёнро ҷашн гиранд.

Гурӯҳи Ҷамоат ул Аҳрор гуфтааст, ки масеҳиёро ҳадафи ҳамла қарор додааст ва дар оянда дар мактабҳову коллеҷҳо ва биноҳои ҳукуматӣ ва низомӣ ҳамлаҳои бештар анҷом хоҳад дод.

Ин гурӯҳ гуфтааст, ки таркиши мазкур паёме ба Навоз Шариф-нахуствазири кишвар аст, ки аёлати Панҷоб ва маркази он шаҳри Лоҳурро маркази сисёсӣ мешуморад.

28 март пулис гуфт, ки шумораи кушташудагон ба 72 нафар расидааст. Дар байни онҳо 29 нафар кӯдакон будаанд. Ҳайдар Ашраф-як мақоми баландпояи пулис гуфтааст, ки аксари кушташудагон мусулмонон будаанд. Мақомоти маҳаллӣ се рӯз мотам эълон карданд.

XS
SM
MD
LG