Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муноқишаи лафзӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон


Музокираи ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи муноқиша дар қумзори деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, ки бештар бо номи "роҳи 275-метрӣ" ҳам маъруф аст, шурӯъ шудааст. Додохон Мадалиев, котиби ҷамоати Чоркӯҳ, рӯзи 28 март ба Озодӣ гуфт, ки ҳоло музокира дар деҳаи марзии Самарқандаки Қирғизистон ҷараён дорад.

Ӯ гуфт, "рӯзи 27 март марзбонҳои Қирғизистон сокинони Исфараро аз маҳалли қумзор, ки барои сохтмон аз онҷо сангу хок мебаранд, берун карданӣ шудаанд ва дар натиҷа муноқиша ба амал омадааст. Аммо ин муноқиша бе занонзанӣ анҷом ёфтааст."

Мадалиев мегӯяд, "роҳи 275-метрӣ", ки аз канори қумзори деҳаи Сомониён мегузарад, барои 49 сол ба ихтиёри Қирғизистон дода шудааст ва қирғизҳо бо истифода аз ин вориди қумзор шуда, аз онҷо барои сохмтони хона сангу шағал мебаранд. Аммо ӯ гуфт, кор ба ҷое кашидааст, ки сарҳадбонони Қирғизистон сокинони Исфараро аз ин мавзеъ берун мекунанд ва намемонанд, ки ворид шуда сангу хок баранд.

"Онҳо фикр мекунанд, ки ин мавзеъ пурра ба Қирғизистон тааллуқ дорад. Дар ҳоле, ки ин як гӯшаи деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ аст," – гуфт Додохон Мадалиев.

Зӯҳри 27 март миёни сокинони деҳаҳои наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон низоъ рух дод. ​Розия Осорова, сокини деҳаи Кок-Тоши вилояти Ботканди Қирғизистон ба расонаҳои ин кишвар гуфтааст, ки соати 12-ю 30 дақиқа дар минтақаи марзӣ ҳудуди 100 тан аз сокинони деҳаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон гирдиҳам омадаанд. Ба гуфтаи ӯ, далели ин низоъ кашондани реги дарё дар ҳудуди деҳаи қирғиз аз ҷониби сокинони деҳаи Чоркуҳи ноҳияи Исфара будааст.

Гуфта мешавад, билофосила марзбонони Қирғизистон ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуда, ҷамъомадагонро пароканда ва аз густариши домани низоъ ҷилавгирӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG