Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармони барчидани кондисионерҳо тағйир ёфт


Баъд аз эътирозҳои қисме аз сокинон мақомот ба фармони маҳдудияти насби кондисионерҳо дар биноҳои баландошёна дар Қазоқистон тағйир ворид карданд. Ҷаримаи калон барои “насби кондисионерҳо дар девори биноҳои кӯчаҳои асосӣ ва транзитии шаҳрҳои Қазоқистон бекор карда шуд.

Иҷрои ин фармон, ки аз тарафи вазири иқтисоди миллии Қазоқистон имзо шудааст, аз 1-уми март сар шуда буд ва “насби кондисионерҳо дар девори биноҳоро” манъ мекард.

Бо ҳамин фармон ҳамчунин насби антенаҳо ё мавҷигирҳои шабакаҳои моҳвораӣ, ки дар Қазоқистон иҷозатномаи пахш надоранд, манъ шудааст. Роҳандозии чунин навоварӣ ба ғамхорӣ “нисбати амнияти аҳолӣ ва ҳифзи намуди меъмории нуқтаҳои аҳолинишин” маънидод мешуд.

Мақомот талаб карданд, ки кондисионерҳои ҳавософкунӣ ва мавҷгирҳо аз девори биноҳо бардошта шаванд. Дар акси ҳол гунаҳкорон мебоист аз 40 то 210 ҳазор танга ҷарима мепардохтанд.

XS
SM
MD
LG