Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти домоди Оқоев дар Дубай


Бо дархости мақомоти Бишкек дар шаҳри Дубаи Имороти Муттаҳидаи Араб домоди Аскар Оқоев, раиси ҷумҳурии собиқи Қирғизистон боздошт шуд. Сухангӯи вазорати дохилаи Қирғизистон ба радиои Озодӣ рӯзи 23 март гуфт, ки масъалаи истирдоди Одил Туйғунбоев ба Бишкек ҳоло мавриди баррасӣ аст. Туйғунбоеви 50-сола, ки шаҳрвандии Қазоқистонро дорад, ҳамсари Бермет Оқоева, собиқ депутати парлумони Қирғизистон мебошад. Туйғунбоевро дар Қирғизистон барои фирор аз пардохти молиёт ва тақаллуб дар пайгарди қонунӣ қарор додаанд. Соли 2013 ӯро дар Қазоқистон аз рӯи феҳрасти Интерпол боздошт карданд, вале аз таслимаш бо сабаби шаҳрванди Қазоқистон буданаш худдорӣ карданд. Аскар Оқоеви 71-сола – донишманде, ки баъдан ба сиёсат рӯ овард, баъди аз қудрат барканор шуданаш дар соли 2005 дар натиҷаи ошӯбҳои мардумӣ дар Маскав паноҳ ёфт. Худи ӯро ҳам дар Қирғизистон дар фасод муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG