Бино ба гузоришҳои расида аз Белгия, фурудгоҳи аслии шаҳри Бруссел баъд аз рух додани ду таркиш дар толори гусел баста шудааст.
Хабаргузории Белга аз қавли пулис гузориш додааст, ки як нафар дар ин таркиш дар фурудгоҳи Завентем кушта, чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Вале додситонӣ шумораи кушташудагонро 13 нафар ва афроди маҷруҳро 35 нафар эълон кардааст. Сабаби таркиш маълум нест.
Дар гузоришҳо гуфта мешавад, ки аз ин фурудгоҳ парвозҳо анҷом дода намешаванд ва парвозҳоро ҳам қабул намекунанд. Роҳи оҳани фурудгоҳ ҳам баста шудааст. Шишаҳои терезаҳои толор рехтаанд.
Ҳаракати нақлиёти маҳаллӣ мамнуъ ва метрои Бруссел баста шудааст. Хабаргузории Белга навиштааст, ки пеш аз таркиш дар ин маҳал садоҳои арабӣ ба гӯш расидаанд. Бино ба гузоришҳо, дар истгоҳи метрои Молбик низ кушташудагон ҳастанд.
Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки 4 рӯз пеш дар Бруссел Салоҳ Абдислом-гумонбари таркишҳои моҳи ноябри Порис боздошт шуд. Дар ин таркишҳо 130 нафар ба қатл расида буданд.
Маркази бӯҳронҳои Белгия ба сокинон машварат додааст, ки аз хонаҳои худ берун нараванд.