Мақомоти интихоботии Қазоқистон мегӯянд, ки ҳизби ҳокими ин кишвар ба раҳбарии Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳур дар интихоботи 20 март 84 курсии маҷлиси поёнии порламонро ба даст овардааст. 9 курсиро гурӯҳҳои миллии Қазоқистон бо номи Маҷмаи мардумӣ ба даст овардааст.
Натиҷаҳои интихобот гувоҳӣ медиҳад, ки Нур Отан 82,2 дарсад, Оқ Жул 7,8 дарсад, Ҳизби Куммунист 7,14 дасрсади орои райдиҳандагонро ба даст овардаанд. Ин ҳизбҳо аз сатҳи 7 дарсад гузаштаанд ва ба порламон роҳ меёбанд.
Ширкати райдиҳандагон дар интихобот 77,2 дарсадро ташкил додааст. Нозирони интихоботӣ аз САҲА гуфтаанд, ки “интихоби воқеии сиёсӣ” “кофӣ”набуд ва дар ин самт Қазоқистон бояд роҳи тулониро паймояд, то он ба меъёрҳои демократии байналмиллалӣ мутобиқат кунад.
Аз замони касби истиқлол то ҳол ҳеҷ як аз интихоботи Қазоқистон аз тарафи кишварҳои ғарбӣ ё нозирони байналмиллалӣ озоду одилона арзёбӣ нашудааст.