Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Қазоқистонро ғайридемократӣ хонданд


Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтанд, ки интихоботи порлумонии Қазоқистон мувофиқ ба меъёрҳои як интихоботи демократӣ ва одилона баргузор нашуд. Мариетта Тидей, намояндаи созмон рӯзи 21-уми март гуфт, “бо вуҷуди онки дар интихобот пешрафтҳое ба чашм расид, вале Қазоқистон барои иҷрои тааҳудоташ ҷиҳати баргузории интихоботи демократӣ роҳи дарозеро дар пеш дорад.” Мақомоти интихоботии Қазоқистон мегӯянд, ҳизби Нуротани раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев дар интихоботи порлумонии рӯзи 20-уми март бештар аз 82 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Бар асоси натиҷаҳои муқаддамотӣ, аҳзоби муттафиқи Нуротан, Ҳизби коммунист ва Ҳизби Ақжол садди 7 дарсадиро гузаштанд ва дар порлумони Қазоқистон соҳиби курсӣ шуданд. Акнун дар маҷлиси дорои 107 курсӣ мисли пештара се ҳизб соҳиби намоянда мешаванд. Нозирони байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ гуфтаанд, аз замони истиқлол аз соли 1991 то кунун ҳеҷ яке аз интихоботҳои Қазоқистон шаффофу одилона сурат нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG