Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дурӯғпароканӣ"-и Русияву Чин баррасӣ мешавад


Парлумони ИМА лоиҳаи қонуни навро дар бораи мубориза бо "таблиғот ва дурӯғпароканӣ"-е ки аз Русия, Чин ва дигар кишварҳо садо медиҳанд, баррасӣ мекунад. "Қонуни мубориза дар ҷанги иттилоотӣ аз соли 2016" дар пасманзари даъватҳои Конгресси ИМА ва кишварҳои аврупоӣ, ки мегӯянд, бояд зидди маъракаи дурӯғпарокании хориҷӣ муборизаро тақвият дод, баррасӣ мешавад.

Таблиғоти Русия аз амалкардҳои худ дар Украина ва дурӯғпароканиаш дар мавриди Иттиҳоди Аврупову НАТО қонунгузорон ва сиёсатмадорони Аврупову Амрикоро дар ҳайрат гузоштааст.

Иттиҳоди Аврупо як раёсати начандон бузургро таҳти унвони Хадамоти аврупоии хориҷӣ барои мубориза бо расонаҳое, ки аз сӯи Кремл, ба вижа RT ва "Спутник", сармоягузорӣ мешаванд, таъсис дод. НАТО ҳам дар Латвия Маркази алоқаи коммуникатсиониро барои мубориза бо таблиғоти Русия созмон дод.

XS
SM
MD
LG