Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон дар кони ангишт 7 нафар кушта шуданд


Ҳангоми фурӯрезӣ дар кони ангишти Покистон дастикам 7 нафар кормандони кон ба ҳалокат расидаанд. Ду коргари дигар то ҳол бедарак мебошанд.

12 март бар асари боронҳои шадид дар минтақаи қабиланишини Оракзай дар марз бо Афғонистон кон фурӯ рехт ва сабаби фоҷеа шуд.

Дар изҳороти низомиёни Покистон гуфта мешавад, ки тақрибан 100 нафар аз нируҳои мусаллаҳ ба минтақа барои кӯмакҳои фаннӣ ва тиббӣ сафарбар шудаанд.

Моҳи марти соли 2011 низ дар инфиҷоре дар дохили кон дар аёлати Балуҷистон тақрибан 43 нафар кормандони кон ба ҳалокат расида буданд.

XS
SM
MD
LG