Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тадорукот барои размоиши низомӣ


Вазорати дифои Тоҷикистон фармон дар мавриди мушаххас намудани мавқеъҳо барои баргузории размоиши низомии муштарак бо неруҳои ҳарбии Русияро содир карда ва омодагиҳо дар 5 размоишгоҳи ҳарбӣ дар вилояти Хатлон шурӯъ шудааст.

Манобеи Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯянд, ки фармон дар мавриди мушаххас намудани мавқеъҳо барои баргузории размоиши низомии муштарак бо нерӯҳои ҳарбии Русия содир шуда ва омодагиҳо дар 5 размоишгоҳи ҳарбӣ дар вилояти Хатлон оғоз гардидааст. Дар назар аст, дар ин машқҳои низомӣ 50 ҳазор нафар аз нерӯи захиравӣ, 250 адад зиреҳпӯшу танк, 20 адад ҳавопаймоҳои ҷангию бомбаандозу боркаш, 12 адад чархбол ва ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода шавад.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъи Тоҷикистон, бо тасдиқи ин хабар 10 март ба Радиои Озодӣ гуфт, марҳилаи ҷойгиркунӣ ва мушахас кардани мавқеъҳо барои анҷоми машқи низомии муштараки ҷузъу томҳои ҳарбии Тоҷикистону Русия шурӯъ шуд ва дар ин размоиши густарда 2000 сарбози Русия ширкат хоҳад кард.

Фаридун Маҳмадалиев
Фаридун Маҳмадалиев

Вай гуфт, марҳилаи мушаххас кардани мавқеъҳо аз 9 март то 14 март идома карда, размоиши ҷангӣ аз 15 март оғоз шуда то 20 март давом хоҳад кард.

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон, рӯзи 15 март дар машқгоҳҳо тирпаронӣ шурӯъ шуда ва размои шдар 5 машқгоҳи низомӣ -- “Ҳарбмайдон”, “Сунбула”, “Мумирак”,“Ҳалқаёр” ва “Лоҳур ” воқеъ дар вилояти Хатлон баргузор мешавад.

Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафи аслии ин машқҳо, мубориза алайҳи терроризм ва андешидани чораҳои амалӣ барои муқобила дар ҳолатҳои зарурӣ алайҳи гурӯҳҳои тахрибкор ва террорист маҳсуб мешавад.

Расонаҳои Русия низ иттилоъ додаанд,ки ҳавопаймоҳои бузурги борбари Ан-124-100 "Руслан"- Русия аз қаламрави ин кишвар ба Душанбе марказҳои муҳаррики идораи амалиёти ҷангӣ ва техникаи таъминкунандаи мухобиротро расондаанд. Ин воситаҳои техникӣ дар машқҳои муштараки низомии ситоди фармондеҳии нируҳои Русияву Тоҷикистон истифода хоҳанд шуд.

Ярослав Рощупкин, намояндаи расмии ҳавзаи марказии низомии Русия гуфтааст, аз роҳи ҳавоӣ ҳамчунин воҳидҳои тафтиши техникаи низомӣ, пулиси низомӣ интиқол дода мешаванд, то онҳо амнияти ҳаракати корвони мошинҳо, амнияти урдугоҳ ё пойгоҳҳои муваққатӣ ва амнияти шабакаҳои мухобиротиро таъмин кунанд.

Ҳамин тавр ин нахустин размоиши фарогир дар соли ҷорӣ хоҳад буд, ки на танҳо сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва низомиёни пойгоҳи 201-и Русия, балки аз нерӯи захиравии Горди Миллӣ ва намояндагони мақомоти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар низ истифода хоҳад шуд.

Соли гузашта чунин размоишҳои фарогир дар қаламрави вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи шаҳри Душанбе доир шуда буд. Бузургтарини ин гуна размоиш моҳи марти соли гузашта дар ҷануби Тоҷикистон, минтақаи назди марзӣ бо Афғонистон бо ширкати беш аз 30 ҳазор баргузор шуда буд. Ба иттилои Вазорати дифои Тоҷикистон дар ин размоиш аз 100 зиреҳпӯш ва теъдоди зиёди нақлиёт ва дигар техникаи ҷангӣ истифода шуда буд. Дар доираи размоиши “Ҷанги эҳтимолӣ”, сатҳи тавонмандии мақомоти қудратӣ дар баробари ҳамлаи душмани эҳтимолӣ санҷида шуд.

Ҷануби Тоҷикистон бо манотиқи шимоли Афғонистон ҳаммарз буда ва дар ин авохир аз фаъол шудани гурӯҳҳои Толибону “Давлати Исломӣ” ва хатару таҳдидҳо аз он сӯи марз хабарҳо мерасад. Ба ин далел баргузории размоиши фарогир дар размоишгоҳҳои ҷануби Тоҷикистон бесабаб нест ва як бори дигар ҳолати омодабошии нируҳои низомӣ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти давлатӣ ба манзури муқобала бо хатарҳои эҳтимолӣ санҷида хоҳад шуд. Тоҷикистон бо манотиқи шимоли Афғонистон дар тӯли 1400 километр марзи муштарак дорад.

XS
SM
MD
LG