Тамдиди таҳримҳои Русия аз ҷониби ИМА имконоти ҳамкории ду кишвар дар масоили калидии байналмилалиро ба ҳам мезанад.
Дар ин бора рӯзи панҷшанбе вазорати корҳои хориҷии Русия хабар дод. Вазорат гуфтааст, сиёсати таҳримии ИМА ояндадор нест ва Москва ҳақ дорад, ки ба ин таҳримҳо чораҳои ҷавобӣ андешад.
Вазорати корҳои хориҷаи Русия ҳамчунин гуфтааст, таҳримҳо наметавонанд ба ҳалли буҳрони Украинаро ёрӣ диҳанд, вале метавонанд ба муносибатҳои Русия ва Амрико таъсири манфӣ расонанд.
Пештар хабар дода шуда буд, ки президенти ИМА Барак Обама таҳримҳои зидди Русияро 1 соли дигар тамдид кард. Дар ҳуҷҷате, ки рӯзи чаҳоршанбе нашр шуд, зикр гардидааст, сиёсат ва иқдомҳои Русия дар нисбати Украина ба сулҳ, амният, субот, истиқлол ва якпорчагии ин кишвар таҳдид мекунанд.