Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду муҳоҷири тоҷик аз ошёни 21 поин афтодаанд


Рӯзи 29 феврали соли ҷорӣ ду муҳоҷири кории тоҷик ба ҳангоми кор дар бинои навбунёди бисёрошёна дар шаҳри Самараи Русия аз ошёни 21 сарозер афтодаанд.

Бар асари ин рӯйдоди нохуш ин ду нафар дар маҳалли ҳодиса ҷон бохтаанд.

Бино ба иттилои хабаргузории "Интерфакс"-и Русия, муҳоҷирони тоҷик дар платформае дар ошёнаи 21 машғули кори сохтмонӣ буда ва ба далели гум кардани мувозинат ба поён афтодаанд.

Ҳамчунин, рӯзи чоршанбеи 2 мартдар ноҳияи Всеволожи вилояти Ленингради Русия муҳоҷири кории 21- солаи тоҷик аз ошёнаи ҳаштуми бинои навбунёд ба поён афтода ва ҳалок шудааст.


XS
SM
MD
LG