Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе муҳокимаи 4 корманди Комиссияи қабули ҷавонон ба сафи артиши ноҳияи Синои пойтахтро оғоз кардааст.
Ду корманди тиббии комиссия ва ду корманди комисириати ҳарбии ин ноҳия барои “хунукназсарӣ” дар нисбати сарбоз Эмомиддин Холов, сокини ноҳияи Рашт айбдор дониста мешаванд.
Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеъи созмони ҷамъиятии "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" бо тасдиқи ин хабар 2 март ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи додгоҳи имрӯз оғоз ёфта ва дар курсии айбдорӣ раиси Комиссияи тиббии Комиссириати ҳарбии ноҳияи Сино Абдукарим Толибов, пизишки ҳамин комиссия Матлуба Самадова ва боз ду корманди Комиссирияти ҳарбии ноҳияи Сино нишастаанд.
Вай гуфт, додситонии ҳарбии шаҳри Душанбе алайҳи онҳо бо моддаи 322 “Хунукназарӣ, яъне иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои худ аз ҷониби шахси мансабдор дар натиҷаи муносибати беинсофона ё бепарвоёна ба хизмат, агар ин боиси ба таври ҷиддӣ поймол кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд ё ташкилот ё манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи ҷамъият ё давлат гашта бошад” парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.
“Онҳо сокини ноҳияи Рашт Эмомидин Холовро тирамоҳи соли 2015 бо вуҷуди бемории гурдаҳояш саломат нишон дода ба хизмати артиш фиристодаанд. Вай дар қисми ҳарбии Бадахшон хизмат мекард ва бар асари сардии ҳаво дарди гурда шадид шуда ду моҳ дар беморхонаи Хоруғ бистарӣ шудааст, вале натиҷае надодааст”.
Дилшод Ҷӯраев меафзояд, баъди шикояти наздикони Эмомиддин ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва нишондодҳо ба додситонии ҳарбии шаҳри Душанбе ирсол шудааст.
Наздикони Эмомиддин Холов мегӯянд, ки фарзандашон таи чанд моҳ дар беморхонаи Шаҳраки тиббии Душанбе ба табобат фаро гирифта шуда, вале аллакай як гурдааш комилан аз кор мондааст. Ба гуфтаи бародараш Нуриддин Холов то ҳол вазъи саломатии бародараш вазнин аст.
Дилшод Ҷӯраев мегӯяд, имрӯз мурофиа оғоз шуда ва айбдоршавандаҳо бо парвандаи айбдорие, ки аз тарафи Додситонии ҳарбӣ пешниҳод шудааст, ошно мешаванд.