Ниҳоди масъули ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон тасдиқ кард, ки ду навраси кушташуда дар ҳафтаи гузашта дар ИМА дар Қазоқистон ба фарзандӣ хонда шудаанд.
"Тасдиқ шудааст, ки қурбониёни 16 ва 18-солаи фоҷиа аз сӯйи шаҳрвандони ИМА дар Қазоқистон ба фарзандӣ қабул шудаанд. Аммо онҳо дар сафорати мо дар ин кишвар сабти ном нашудаанд", - омадааст дар хабари маркази матбуотии омбудсмен.
Ду наврас 26 феврал дар шаҳри Белфейри иёлоти Вашингтон кушта шуданд. Ба иттилои пулиси маҳаллӣ, Дэвид Уэйн Кемпбелли 51-сола ба оилаи худ тирпарронӣ карда, сипас худро куштааст.
Дар миёни кушташудагон ду наврас ва Лана Карлсони 49-сола, оилаи Кэспбелл буданд, ки модархонди наврасон мебошад. Дар ин хонавода боз як духтархонде тарбия мешуд, ки бо ҷароҳатҳо ба бемористон расонда шудааст.