Як муҳоҷири тоҷик рӯзи 25 феврал дар сохтмоне дар вилояти Ленингради Русия ҷон бохтааст. Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, шаҳрванди 50-солаи Тоҷикистон соати тақрибан чори баъд аз зӯҳри панҷшанбе ба чоҳбун(котлован)-и сохтмони як бинои нав афтодааст. Ин фоҷиа дар рустои Кудровои ноҳияи Всеволожский рух додааст. Ҳар сол то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия мераванд. Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои мухталиф, аз ҷумла фалокатҳо дар ҷои кор, ҷон медиҳанд.