Раҳбари дастгоҳи Академияи давлатии тиббии Қирғизистон (АДТҚ) Абдикарим Гапаров ҳангоми боздошт аз сӯи маъмурони Идораи зидди фасоди КДАМ аз сакти дил даргузашт. Раҳбари дастгоҳ Абдикарим Гапаров 25 феврал дар утоқи кориаш ҳангоми гирифтани 30 ҳазор соми ришва барои ба иҷора додани масоҳате барои фурӯшгоҳ дар ҳавелии академия боздошт шуд. Идораи зиддифасоди КДАМ-и Қирғизистон аз фаъолияти Гапаров дар пайи аризаи шикоятии нафаре дар бораи тамаъҷӯӣ назорат мекард. Ба гуфтаи аризадиҳанда, Гапаров таҳдид кардааст, ки агар барояш ин маблағро надиҳад, масоҳат барои намоишгоҳро ба соҳибкори дигаре медиҳад. Ин дар ҳолест, ки арзиши иҷораи ин масоҳати замин ҳамагӣ баробари 2,5 ҳазор сом дар моҳ аст. Ҳангоми боздошт вазъи Гапаров якбора ба ҳам хӯрда, вай аз ҳуш рафт. Ба вай кӯмаки аввалияи тиббӣ расониданд. Аммо бо вуҷуди талоши пизишкон, Абдикарим Гапаров эҳтимолан аз сактаи қалб даргузашт.