Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналистони тоҷик аз нав сабти ном мешаванд


Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯзноманигорони кишварро аз нав сабти ном мекунад. Зинаттуло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рӯзи 25-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадаф аз сабти дигарбора хабарнигорон, мушаххас кардани шумораи рӯзноманигорони кишвар ва вазъи кории онҳо мебошад. Вай афзуд, ки ин тасмим бар асоси қарори анҷумани 14-уми Иттифоқи журналистон рӯи даст гирифта шудааст ва дар пушти ин маърака ҳеҷ ҳадафи дигар нануҳуфтааст: “Мо мехоҳем дақиқ огоҳ шавем, ки қаламкашони мо ба чӣ кор машғул ҳастанд ва дар чӣ шароите фаъолият доранд, тайи ин солҳо чӣ теъдоде фавтидааст, ё аз кишвар берун рафтааст? Аз ин рӯ ба қайд гирифтани онҳо муҳим аст.”

Ба гуфтаи раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ҳоло рамзи ин созмони журналистӣ низ дигар ва такмил шудааст. Бар асоси маъракаи аз нав ба қайдгирии журналистҳо, тарзи нави қабул ва шаҳодатномаи аъзои иттифоқ марҳила ба марҳила иваз мешавад. Ҳангоми ивази ҳуҷҷатҳо, касбият, фаъолияти эҷодӣ, ҷамъиятӣ, иҷрои талаботи оинномавӣ, аз ҷумла пардохти ҳаққулузвият дар мадди аввал ба назар гирифта мешавад. Ин маърака то 31 марти соли равон идома пайдо хоҳад кард. Феълан теъдоди журналистони Тоҷикистон тақрибан 2300 нафар мебошад.

Анҷумани 14-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар таърихи 16-уми январи соли ҷорӣ баргузор шуд ва Зиннатуллоҳ Исмоилзода бо аксарияи кулли орои вакилон, барои панҷ соли дигар раиси ин созмони рӯзноманигорӣ интихоб шуд. Раиси пешини Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбари Саттор рӯзи 28-уми август аз дунё даргузашта буд.

XS
SM
MD
LG