Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба оилаҳои фаластиниҳои шаҳид кӯмак мекунад


Эрон мегӯяд, ба хонаводаҳои фаластинӣ, ки дар ҷараёни тазоҳурот ва ё ҳангоми ҳамла ба исроилиҳо дар хиёбонҳо кушта шудаанд, ҳазорон доллар пардохт мекунад.

Муҳаммад Фатҳалӣ-сафири Эрон дар Лубнон дар Бейрут ба хабарнигорон гуфт, ҳар хонаводе, ки дар интифода шаҳид додааст, ба андозаи 7 ҳазор доллар кӯмкпулӣ мегирад.

Вай афзуд, Эрон ба ононе, ки хонаҳояшонро нируҳои исроилӣ дар ҷараёни муборизаҳо хароб кардаанд, 30 ҳазор доллар медиҳад ва ҳар моҳ кӯмкпулӣ пардохт менамояд.

Дар ҳамлаҳои фаластиниҳо аз моҳи октябр ба ин сӯ 28 нафар исроилӣ ва амрикоӣ кушта шудаанд, дар ҳоле ки дар ин муддат 168 фаластинӣ дар тазоҳуроти эътирозии зидди Исроил ба қатл расидаанд.

Мақомоти Исроил мегӯянд, 111 фаластинӣ дар ҳоле кушта шудаанд, ки бо корд ба сарбозон ва ё шаҳрвандони Исроил ҳамла бурдаанд.

Вазири корҳои хориҷаи Исроил гуфт, “изҳороти Эрон бори дигар нишон медиҳад, ки нақши Эрон дар ташвиқи терроризм чӣ гана аст”.

XS
SM
MD
LG