135 паноҳандаи афғон бо шумули 18 зан ба таври довталабона аз Олмон ба Кобул баргаштаанд.
Якоб ван Вагнер, сафири Олмон дар Афғонистон ба хабарнигорон гуфтааст, давлати Олмон барои бозгашти ин фарод кумак карда ва барояшон билети ҳавопаймо харидааст.
Шаш моҳе қабл, ҷавонони Афғонистон маъракаеро бо номи " Афғонистон ба ту ниёз дорад" роҳандозӣ карда ва аз сокинони кишвар даъват кардаанд, ки ватани худро тарк накунанд.