Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 15 зан дар Қирғизистон


Пулиси Қирғизистон чанд занро ба эҳтимоли узвият дар гурӯҳи мамнуи исломӣ боздошт кардааст. Раёсати пулиси вилояти Ӯш мегӯяд, 15 зан дар ноҳияи Қарасуу 24 феврал боздошт шудаанд ва эҳтимол меравад, ки онҳо аъзои Ҳизбуттаҳрир бошанд.

Бозрасон аз онҳо китобҳое мусодира кардаанд ва ин китобҳо дорои маводи экстремистӣ будаанд. Китобҳоро барои таҳқиқ ба исломшиносон ва забоншиносон фиристодаанд.

Дар оғози соли 2015 боздошти аъзои Ҳизбуттаҳрир ва гурӯҳҳои мамнуи исломӣ афзоиш ёфтааст. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки Ҳизбуттаҳрир дар ҷалби ҷавонон ва гаравидани онҳо ба сафҳои Ал Қоида ва тундравҳи Далати Исломӣ нақш доранд. Баъд аз ҷалб онҳоро ба ҷангҳои Ироқу Сурия мефиристанд.

Ҳизбуттаҳрир, ки фаъолияташ дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия мамнуъ эълон шудааст, мегӯяд, гурӯҳи тундрав нест, балки як гурӯҳи сулҳпарвар аст.

XS
SM
MD
LG